Пайвандҳои дастрасӣ

Ровии машҳури телевизиони Амрико барои озори ҷинсӣ сабукдӯш шуд


Билл О'Райли - ровии машҳури шабакаи телевизионии Fox News

Шабакаи телевизионии Fox News қарордодро бо Билл О'Райли, ровии барномаи пуртарафдори "Фактор О'Райли" қатъ кард.

Дар асоси созиши дуҷониба, сабаби дақиқи аз кор рафтани О'Райли эълон намешавад. Аммо бинобар хабарҳои матбуотӣ, журналисти шинохта дар ҳоле аз кор рафт, ки баъзе кормандони Fox News ӯро ба озори ҷинсӣ муттаҳам карданд. Ба дунболи ин, аксар ширкатҳое, ки бо Fox News қарорди таблиғотӣ доштанд, аз шабака даст кашиданд.

"Ман бисёр нороҳатам, ки дар заминаи айбгузориҳои беасос аз кор меравам", - гуфт О'Райли дар як изҳорот, ки рӯзи 19 апрел пахш шуд. "Чӣ илоҷ, ин воқеияти таассуфоварест, ки бисёр чеҳраҳои шинохта ба он рӯ ба рӯ шудаанд", - афзуд журналист.

Нашрияи The New York Times мегӯяд, ки О'Райли ва раҳбарияти шабакаи Fox News панҷ шикояти озори ҷинсиро, ки дар тӯли 15 сол аз ҷониби кормандон ворид шуда буд, бекор карданд. Лағви ин аризаҳо ва ваъдаи сукути шикоятгарон барои О'Райли 15 миллион доллар арзиш дошт.

Билл О'Райли борҳо бо президентҳои Амрико, аз ҷумла Барак Обама ва Доналд Трамп сӯҳбатҳои телевизионӣ аҷом додааст. Моҳи феврал ӯ дар яке аз шарҳҳояш президенти Русия Владимир Путинро "қотил" номид, ки вокуниши Кремлинро ба бор овард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG