Пайвандҳои дастрасӣ

Бародари Аброр Азимов дар Маскав боздошт шуд


Аброр Азимов то 3 июни имсол дар боздоштгоҳ мемонад

ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия хабар дод, ки дар шаҳри Маскав бародари созмондиҳандаи таркиши метрои шаҳри Санкт-Петербург Акрам Азимовро боздошт кард. Рӯзи 3 апрел дар қатори метрои Петербург ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа 15 кушта ва наздики 50 захмӣ бар ҷой гузошт. То ҳол ягон гуруҳ масъулияти онро ба зимма нагирифтааст. Муфаттишон иддао доранд, ки ҳамларо зодаи 22-солаи Қирғизистон ва шаҳрванди Русия Акбарҷон Ҷалилов анҷом додааст. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, ин таркишро Аброр Азимов созмон додааст. Худи Азимов, ки чанде пеш дастгир шуд, ин айбро рад мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG