Як вакили порлумони Русия, Радиои Озодӣ, Садои Амрико ва Си Эн Эн-ро як бахше аз “низоми амрикоии фишор” алайҳи Русия номидааст.
Леонид Левин, раиси Кумитаи иттилоот дар Думаи давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия дар ин бора рӯзи 18 апрел зимни нишасти кумита сухан гуфтааст. Дар ин нишаст, мувофиқати фаъолияти расонаҳои амрикоӣ ба қонунҳои Русия баррасӣ шудааст.
Нишасти мазкур дар замоне сурат мегирад, ки таниш байни Русия ва Амрико авҷ гирифтааст ва муносиботи ду кишвар ҳам ба далели мудохилаи эҳтимолии Русия ба интихоботи Амрико ва муноқиша дар Сурия сард шудааст.
Вакилони Русия моҳи гузашта амр доданд, ки мувофиқати фаъолияти расонаҳои Амрико ба қонунҳои Русия таҳқиқ шавад, чун пеш аз ин Ҷин Шаҳин, як вакили Ҳизби демократ дар Сенати Амрико қарореро пешниҳод кард, ки ба мақомоти Амрико иҷоза медиҳад, фаъолияти телевизиони Russia Today, шабакаи байналмилалии давлатии Русияро таҳқиқ кунанд, то бар хилофи қонунҳои Амрико амал накарда бошад.
Леонид Левин, Радиои Озодӣ, Садои Амрико ва Си Эн Эн – ро “бахше аз системаи васеи фишори Амрико ба кишвар” номид. Аммо ба гуфтаи хабаргузории "Интерфакс", кумитаи ӯ аз мақомоти федералии Русия нахоҳанд хост, ки фаъолияти расонаҳои амрикоиро таҳқиқ кунанд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва дигар мақомоти ин кишвар, Амрикоро ба он муттаҳам кардаанд, ки мехоҳад, аз тариқи сармоягузории созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия нооромиҳои сиёсӣ барангезад.
Вашингтон ин иддаоро пайваста рад кардааст. Радиои Озодӣ ва Садои Амрико бахше аз BBG Идораи суханпарокании Амрико ва як ниҳоде ҳастанд, ки масъулияти мудирият ва назорати расонаҳои кишварро дорад. Садои Амрико тобеи ҳукумат аст ва Радиои Озодӣ, муассисаи мустақили ғайритиҷоратист, ки аз тарафи Конгресси Амрико сармоягузорӣ мешавад.