Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон истеҳсоли газро ду баробар бештар кард


Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ
Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ

Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, ки дар тӯли чаҳор соли гузашта кишвараш истеҳсоли газро аз майдонҳои бузурги зери об ду баробар бештар кард.

Рӯҳонӣ, ки мехоҳад дар интихоботи моҳи оянда дубора ба курсии раёсат бинишинад гуфт, аз замони интихоби ӯ ба мақоми президент, истеҳсоли рӯзона дар Майдони Гази Порси Ҷанубӣ аз 240 миллион метри мукааб дар соли 2013, ба 540 миллион метри мукааб расид.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳур афзоиши истеҳсоли газ муваффақияти "иқтисоди муқовиматӣ"-ро нишон медиҳад, ки зарурати онро Раҳбари Олӣ барои худкифоии кишвар ва муқовимат ба таҳдидҳо зарур шумурдааст.

Вазири нафти Эрон Бежан Зангона гуфт, ки дар даҳсолаи ахир ба майдонҳои газ $20 миллиард сармоягузорӣ шудааст.

Эрон аз майдонҳои газ якҷо бо Қатар истифода мекунад, ки дар рӯз беш аз 590 миллион метри мукааб ҳосил медиҳад. Ин кишвар барнома дорад, ки истеҳсолро то соли 2022 то 10 дар сад боло бубарад.

Моҳи ноябр ширкати Total барои коркарди мадони газ тарҳи наздик ба 5 миллиард долларро бо Теҳрон имзо кард.

XS
SM
MD
LG