Пайвандҳои дастрасӣ

Як рӯзноманигори мустақил дар Бухоро боздошт ва бозпурсӣ шуд


Пулиси узбак дар ноҳияи Ромитани вилояти Бухорои Узбакистон рӯзноманигори мустақили сокини Тошканд Алексей Волосевичро боздошт ва бозпурсӣ кард. Волосевич ҳангоми боздошт машғули аксбардорӣ аз бозори маҳаллӣ буд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷҳизоти техникии ӯро мусодира карданд. Пулис гуфт, Волосевич ба хотири "бе иҷозат аксбардорӣ кардан" боздошт шудааст. Дар идораи пулис ӯро бозпурсӣ, нақши ангуштонашро сабт ва баъдан раҳо карданд. Ин дар ҳолест, ки дар Узбакистон аксбардории кӯчаҳо манъ нашудааст. Ёдрас мешавем, Алексей Волосевич, ки шоҳиди ҳодисаҳои моҳи майи соли 2005-и Андиҷон буд, пештар ҳам борҳо ба далели фаъолияти касбиаш боздошт шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG