Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Очин 94 ҷангҷӯи ДИИШ кушта шуданд. ВИДЕО


Вазорати дифои Афғонистон дар гузориши тоза гуфт, ки дар пайи партоби қавитарин бомбаи ғайриҳастаӣ дар вилояти Нангарҳор 94 ҷангҷӯи гуруҳи “Давлати исломӣ” кушта шуданд. Рӯзи гузашта ҳамин вазорат аз ҳалокати 36 нафар хабар дода буд.

Муҳаммадисмоил Шинворӣ – волии Нангарҳор – рӯзи 15 апрел гуфт, дар ин ҳамла чаҳор фармондеҳи аршади ДИИШ низ аз байн бурда шуданд. Аммо вай гуфт, “дар ин ҳамла афроди мулкӣ осеб надиданд”.

Бомбаи маъруф ба “модари ҳамаи бомбаҳо” бо беш аз даҳ тонна вазн бори нахуст шоми 13 апрели имсол дар минтақаи Очини вилояти Нангарҳор, шарқи Афғонистон ва наздик ба марзи Покистон, аз тарафи нирӯҳои амрикоӣ истифода шуд.

Дар ҳоле ки раиси ҷумҳур Ашрафғанӣ аз ин ҳамла ҳимоят кард ва гуфт, он дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Афғонистон анҷом шудааст, президенти собиқ Ҳомид Карзай онро маҳкум намуд. Оқои Карзай дар Твиттер навишт, ки “ин ҷанг бо терроризм нест, ин суистифода аз кишвари мо барои озмоиши силоҳҳои наву хатарнок аст.”

Генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон, рӯзи ҷумъа гуфт, партоби қавитарин бомбаи ғайриҳастаӣ на озмоиш, балки зарурат буд.

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” тайи тақрибан ду соли охир аз вуҷуди худ дар Афғонистон дарак дода, асосан аъзои норозии Толибони Афғонистону Покистон ва, инчунин, исломгароёни узбакро ба саффи худ ҷалб кардааст. Аммо ин гуруҳ дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Амрикову нирӯҳои Афғонистон мавқеъҳои худро аз даст медиҳад.

Генерали амрикоӣ: Мо имкон намедиҳем ҷиҳодиҳо аз Сурия ба Афғонистон фирор кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

XS
SM
MD
LG