Пайвандҳои дастрасӣ

Русияву Узбакистонро техникаи низомӣ ба ҳам мепайвандад


Шӯрои Федератсияи Русия созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи афзоиши дуҷонибаи интиқоли аслиҳа ва техникаи низомиро миёни Русия ва Узбакистон қабул кард. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи узви Кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федератсияи Русия Олга Ковитиди, созишномаи байниҳукуматӣ, ки моҳи ноябри соли 2016 дар Маскав имзо шуд, ба нафъи ҳар ду кишвар буда, барои додугирифти техника ва аслиҳаи низомӣ таъсири мусбат мерасонад.

Аз ҷониби Русия Хадамоти федеролӣ дар умури ҳамкориҳои низомиву техникӣ ва аз тарафи Узбакистон вазорати дифоъ иҷрои бандҳои созишномаро таъмин мекунанд. Дар ҳамин ҳол, аз миқдор ва шумори аслиҳае, ки қарор аст Русия ба Узбакистон бидиҳад, иттилое дар даст нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG