Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии полковники муттаҳам дар хиёнат ба давлати Узбакистон


Сарҳанг Александр Макеев бо вазири пешини дифои Узбакистон Қодир Ғуломов.
Сарҳанг Александр Макеев бо вазири пешини дифои Узбакистон Қодир Ғуломов.

Мансабдори пешини Вазорати дифои Узбакистон Александр Макеев, ки моҳи декабри соли 2010 бо айби хиёнат ба давлат 15 сол ҳукми зиндон гирифта буд, озод шудааст. Дар ин бора расонаҳои Узбакистон хабар доданд. Полковник Макеев, ки ба ҳайси сардори Сарраёсати аслиҳаи Вазорати дифои Узбакистон кор мекард, пас аз 38 соли фаъолият ба нафақа баромад.

Ба навиштаи расонаҳо, додгоҳи олии Узбакистон Макеевро аз зиндон раҳо, аммо айбҳои эълоншудро бекор накардааст. Моҳи августи соли 2010 дар қатори Моккев, чанд мансабдори дигари баландмақоми вазорати дифоъ низ дар хиёнат ба давлат айбдор шуданд.

Макеев дар бозпурсии нахустин иқрор шудааст, ки бо хадамоти кашшофии Амрико ҳамкорӣ дошт. Вай гуфт, аз сӯи кашшофони ИМА моҳи апрели соли 2002 дар Амрико ба ҳамкорӣ ҷалб шуда буд. Полковникро айбдор карданд, ки асрори низомии Узбакистонро дар ихтиёри ҷосусони Амрико гузоштааст.

Макеев дар зиндон борҳо ба президенти пешин ва кунунии кишвараш нома навишта, хоҳони озодӣ шуда буд. Вай дар номаҳояш ба бегуноҳии худ таъкид мекард.

XS
SM
MD
LG