Дар Қазоқистон сомонаи хабарии "Радиоточка" бо сабаби мушкилоти молӣ 12 апрел фаъолияташро қатъ кард. Дар ин бора созмони дифоъ аз расонаҳо "Адил соз" хабар медиҳад.
Бино бар иттилои бархе аз расонаҳо, "Радиоточка" ба ҳайси сомонаи Central Asia Monitor фаъолияташро идома хоҳад дод. Бигелди Габдуллин, мушовири сармуҳаррири нашрияи Central Asia Monitor мегӯяд, тамға ё номи "Радиоточка" ба ҳар сурат ҳифз хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Габдуллин, мушкилоти молӣ дар идораи расона баъди парвандаи тамаъҷӯӣ аз фармоишҳои давлатӣ сар зад. Моҳи январи соли ҷорӣ додгоҳи Остона сармуҳаррири нашрияи Central Asia Monitor ва муҳаррири сомонаи Radiotochka.kz Бигелди Габдуллинро панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.
Додгоҳ ӯро дар "тамаъҷӯӣ" айбдор донист. Хабар дода шуд, ки дар рафти тафтишот ва муҳокимаи парванда дар додгоҳ вай ба гуноҳаш иқрор кард ва пулҳои аз роҳи "тамаъҷӯӣ" дарёфткардаашро баргардонид.