Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба алифбои лотинӣ мегузарад


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон
Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дастур дод, ки меъёри ягонаи алифбои қазоқиро бо лотинӣ то охири соли равон қабул кунанд. Дар ин бора дар матлаби Назарбоев, ки онро рӯзи 12 апрел нашрияи расмии “Егемен Қазоқистон” чоп кард, гуфта шудааст.

Ба қавли Назарбоев, ин алифборо донишмандони Қазоқистон бояд бо назардошти хоҳиши сокинони кишвараш тартиб диҳанд.

Президенти Қазоқистон дар матлаби худ гуфтааст, аз соли 2018 бояд омода кардани мутахассисон барои омӯзиши алифбои нав оғоз ёбад ва нашри китобҳои дарсӣ низ бо ҳарфҳои лотинӣ барои мактабҳои қазоқӣ ба роҳ монда шавад.

Дар матлаб қайд шудааст, ки Назарбоев зарурати гузариш ба алифбои лотиниро ҳанӯз соли 2012, дар паёми “Стратегияи рушди Қазоқистон то соли 2015” зикр карда буд. “Ин маънои онро дорад, ки мо гузариш ба ҳарфи лотиниро дар тамоми бахшҳо бояд аз ҳоло оғоз кунем. Яъне, то соли 2025 бояд тамоми ҳуҷҷатгузорӣ, муҳр ва нашрияҳои давриву китобҳои дарсӣ ба лотинӣ баргардонда шаванд. Муҳлат наздик омадааст ва мо набояд вақтро аз даст диҳем. Корро бояд шуруъ кард”, - омадааст дар матлаби Назарбоев.

Нурсултон Назарбоев, инчунин, қайд кардааст, ки ҳукумати Қазоқистон ба хотири иҷрои ин ҳадафҳо бояд ҷадвали корҳои омодагиро барои гузариш ба алифбои лотинӣ тартиб диҳад. Дар Қазоқистон тайи 11 сол, аз соли 1929 то соли 1940 алифбои лотинии забони қазоқӣ истифода мешуд. Баъдан он ба кириллӣ иваз карда шуд.

XS
SM
MD
LG