Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ҷонибдорони ДИИШ-ро аз шаҳрвандии Русия маҳрум мекунад


Русия - Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти матбуотӣ бо ҳамтои итолиёвияш. 11 апрели 2017

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, мақомоти кишвар имкони аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани онҳоеро пайдо мекунанд, ки ба гурӯҳҳои тундрав шомил шудаанд.

"Қонуни асосии Русия лағви шаҳрвандиро иҷозат намедиҳад. Дар ин робита имкони бекор кардани қарорҳое вуҷуд дорад, ки барои дарёфти шаҳрвандӣ асос шудаанд", - гуфт Владимир Путин рӯзи 12 апрел дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии "Мир-24".

Ахиран маълум шуд, ки гумонбари амали террористӣ дар метрои Санкт-Петербург, зодаи Қирғизистон Акбарҷон Ҷалилов, соли 2011 шаҳрвандии Русияро барои он дарёфт кард, ки падараш дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекард. Бисёриҳо дар Русия дастрасии Ҷалиловро ба шаҳрвандии Русия камбуди хадамоти муҳоҷират унвон карданд.

Дар чаҳорчӯби пажуҳиши ин амали террористӣ 8 нафар бо гумони узвият дар гурӯҳҳои ифротгаро дастгир шуданд. Ҳамаи боздоштшудаҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ будаанд.

Қаблан раҳбари Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников гуфт, ки асоси гурӯҳҳои террористиро дар Русия шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG