Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рекс Тиллерсон ба Маскав рафт


Рекс Тиллерсон, котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико, бо ҳадафи баррасии вазъи Сурия ба Маскав рафт. Гуфтугӯҳои расмӣ рӯзи 12 апрел оғоз мешаванд. Рӯзи сешанбе Тиллерсон гуфт, ҳамкории Русия бо президенти Сурия Башор Асад, Эрон ва гуруҳи тундгарои "Ҳизбуллоҳ" посухгӯи манфиатҳои стратегии Маскав нест.

Котиби давлатии Амрико дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург", ки дар шаҳри Луккаи Итолиё баргузор шуд, дар ин бора изҳори назар кард.

Вазирони кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург" аз Русия хостанд, "риёкорӣ"-ро нисбат ба Сурия хотима дода, пуштибонӣ аз Башор Асадро қатъ кунад ва ҳамкории созандаро бо кишварҳои дигар дар масъалаи гуфтугӯи сулҳи Сурия ба роҳ монад. Дар ҳамин ҳол, вазирон ба хулоса расиданд, ки то замони дар сари қудрат будани Башор Асад ҳалли низои Сурия номумкин аст. Ахиран президенти Амрико Доналд Трамп ва нахуствазири Бритониё Тереза Мэй изҳори умед карданд, ки Тиллерсон рисолаташро мусбат анҷом медиҳад. Тиллерсон талош дорад, Русияро розӣ кунад, ки ба пуштибонии Асад хотима диҳад.

XS
SM
MD
LG