Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон фаъолияти 4 мадраса қатъ шуд


Дар Қирғизистон аз фаъолияти 4 мадрасаи ғайриқонунӣ пешгирӣ шуд. Дар ин бора намояндаи Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон Куштарбек Маматов хабар дод. Вай гуфт, муассисаҳои мазкур бе ҳуҷҷат фаъолият карда, барои таълими кӯдакон ҳеч шароит надоштанд. Ба гуфтаи Маматов, мадрасаҳои мазкур дар назди масҷидҳо ташкил шуда буданд. "То ин замон мо фаъолияти онҳоро санҷидем ва онҳоро огоҳ карда будем. Онҳо бинои таълимӣ надоштанд. Мо меъёри қонунро ба онҳо фаҳмондем", - афзуд Маматов.

Пештар аз ин комиссияи иборат аз намояндагони чанд ниҳод фаъолияти муассисаҳои таълимии диниро санҷиданд. Комиссия дар чанд мадраса риоя нашудани тартибу интизомро ошкор кард. Тибқи иттилои расмӣ, дар Қирғизистон 102 мадраса фаъолият мекунад. Бештар аз нисфи ин шумор аз қайди давлатӣ гузашта, фаъолияташонро дар доираи қонун пеш мебаранд.

XS
SM
MD
LG