Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбари теракти Петербург аз Туркия ихроҷ шуда буд


Акбарҷон Ҷалилов

Гумонбари теракти метрои Санкт-Петербурги Русия Акбарҷон Ҷалилов моҳи декабри соли 2016 аз Туркия ихроҷ шуда буд. Дар ин бора нашрияи туркии Yeni Akit иттилоъ медиҳад.

Ба иттило расона, Ҷалилов моҳи ноябри соли 2015 ба Туркия омада ва бештар аз як сол дар ин кишвар ба сар бурдааст. Моҳи декабри соли гузашта мақомоти турк ӯро ба "рӯйхати сиёҳ" шомил ва вурудашро ба ин кишвар барои панҷ сол манъ карданд.

Ба иттилои расонаҳо, Ҷалилов муҳлати будубоши қонуниро дар Туркия поймол кардааст. Ба ӯ пешниҳод шудааст, ки ҷаримаи ҳангуфт пардозад, дар сурати ғайр аз кишвар ихроҷ мешавад. Вай ихроҷро қабул кардааст. Ҷалилов барои ба Русия омадан, ба консулгарии Русия дар Туркия муроҷиат кардааст.

3 апрел дар қатори метрои Петербург таркиш рух дод. Дар ин ҳодиса 14 нафар, аз ҷумла худи маргталаб кушта шуд. Наздики 50 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Як бомби дигар дар истгоҳи "Плошад Восстания"-и Петербург бе зарар карда шуд. Бино бар иттилои тафтишот, изи генетикии Ҷалилов дар бомби дувум пайдо шудааст. Бо такя ба натиҷаҳои ташхис ва навори дурбинҳо, тафтишот ба хулоса омад, ки таркиш дар қатори метро ва бомбаи безараршуда кори дасти як нафар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG