Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Шевнин бо як қарори Шӯрои раҳбарони Ширкати бози саҳҳомии “Сангтӯда-1” раҳбари кулли ин нирӯгоҳи барқи обӣ таъин шуд. Қаблан Шевнин муовини раиси ин нирӯгоҳ оид ба масоили иқтисодӣ ва молӣ буд. Дар хабарномаи дафтари матбуоти ин ширкат гуфта шудааст, ки салоҳиятҳои раҳбари пешини ширкат П.Лавров бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш қатъ шудааст. Алексей Шевнин хатмкардаи донишгоҳи сохтмону архитектураи Новосибирск буда дар соли 2009 Академияи молии назди ҳукумати Русияро аз рӯи ихтисоси мудирияти молӣ хатм кардааст. Аз соли 2005 дар нирӯгоҳи “Сангтӯда-1” кор мекунад.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG