Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Boeing ба Эрон ду ҳавопаймои навро ироа мекунад


Iran Air Boeing 747 passenger plane
Iran Air Boeing 747 passenger plane

Хабаргузории расмии ИРНО гуфт, ки ширкати ҳавопаймосози амрикоии Boeing дар давоми як моҳи оянда ба Эрон ду ҳавопаймои мусофирбари иборат аз 777 курсӣ ироа мекунад. Ин яке аз аввалин созишҳои тиҷоратии миёни Эрону Амрико баъди солиёни дарози таҳримҳои ғарб нисбати Ҷумҳурии Исломӣ мебошад. Рӯзи 9 апрел ИРНО бо такя ба як манбаи огоҳаш навишт, ки ин ду ҳавопаймо дар ихтиёри “Эрон Эйр” гузошта мешавад. ИРНО гуфт, ки ду ҳавопаймо дар аввал бахше аз фармоиши ширкати Turkish Airways буд ва баъдан он бекор ва ба Эрон фурӯхта шуд. Соли гузашта ширкати Boeing эълон кард, ки Эрон ба ин ширкат харидории 80 ҳавопайморо фармоиш додааст. Аз ҷумла, 50-тои он борикшакли навъи 737s ва 30 ададаш дурпарвози навъи 777s буда, арзиши пурраи ин созиш 16 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Баъди ин Эрон гуфт, ки танҳо нисфи ин маблағро пардохт мекунад, чунки ширкати Boeing гуфтааст, дар нархи интиқоли ин ҳавопаймоҳо тахфиф пешниҳод шудааст. Худи ширкат арзиши ин созишро ташреҳ надод. Boeing гуфтааст, ки арзиши ин фармоиш аз рӯи нархномаҳои онҳо муқаррар шуда, маъмулан сари харидории ҳар хариди калон музокира сурат мегирад. Муомила бо ин ширкати амрикоӣ ҳанӯз июли соли 2015 ва баъди он сурат гирифт, ки Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи безарарсозии барномаи ҳастии Теҳрон ва дарёфти сабукиҳои иқтисодӣ бар ивази он ба созиш расиданд. Вале баъди интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва пирӯзии Доналд Трамп бархе аъзои маъмурияти ИМА ба шадидтар шудани таҳримҳои Эрон даъват карданд ва ширкати ҳавопаймосози Boeing нигарон шуд, ки ҳамкориҳои Теҳрон аз ин ба баъд бо ширкати Airbus ба роҳ монда мешавад.

XS
SM
MD
LG