Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи ҳафтгона дар Итолиё вазъи Сурияро баррасӣ мекунад


Вазири хориҷаи ИМА Рекс Тиллерсон бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи вазирони хориҷаи Гурӯҳи ҳафтгонаи давлатҳои пешрафтаи саноатӣ ба Итолиё парвоз кард. Як бахши вижаи ин ҷаласа ба баррасии вазъи Сурия ихтисос дода мешавад. Тиллерсон ва вазирони дигари хориҷӣ рӯзи 10 апрел дар чаҳорчӯби як ҷаласаи корӣ ва рӯзи 11 апрел бо ҳадафи баррасии вазъ дар Сурия гирди ҳам меоянд. Дар паҳлӯи вазирони хориҷаи кишварҳои узв, қарор аст инчунин ҳамкоронашон аз Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саъудӣ, Урдун ва Қатар иштирок кунанд.

Ба узвияти Гурӯҳи ҳафтгона ИМА, Ҷопон, Олмон, Бритониё, Итолиё, Фаронса ва Канада шомил ҳастанд. Баъди он ки Русия дар соли 2014 нимҷазираи Қримро ишғол кард, ин кишвар аз узвияти созмон хориҷ шуд ва созмон аз Гурӯҳи ҳаштгона ба ҳафтгона табдили ном кард. Вазири хориҷаи Итолиё Анҷелино Алфано гуфтааст, ки ҳадафи ҷаласаи марбут ба Сурия талоши ҷилавгирӣ аз тавсеаи низоъҳои хатарноки мусаллаҳона баъди 6 соли ҷангҳо дар Сурия мебошад. Ин нишаст баъди он барпо мешавад, ки дар посух ба истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурия, ки масъулияти онро ИМА ба дӯши ҳукумати Башор Асад вогузор кард, Вашингтон рӯзи 7 апрел ба як пойгоҳи ҳавоии нирӯҳои Сурия ҳамла анҷом дод.

XS
SM
MD
LG