Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия мегӯяд, дар натиҷаи ду ҳамлаи ҳавоӣ дар Сурия камаш 35 нафар кушта шудаанд. Тарафҳои мухолиф дар ҷанги дохилӣ, якдигарро ба ин ҳамла муттаҳам карданд. Созмони мазкур, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи 9-уми апрел гуфт, дар зарбаи ҳавопаймоҳои ношинос дар наздикии маҳалли ҳамлаи кимиёвӣ дар вилояти Идлиб 18 нафар кушта шудаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ҳавопаймоҳо аз кадом тараф аст, вале зарба дар ин минтақаи зери назорати шӯришиён 4 рӯз баъд аз ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ нерӯҳои давлатӣ дар инҷо сурат гирифт. Ҳукумати Сурия мегӯяд, ки дар ҳамлаи кимиёвӣ даст надорад. Созмони нозири ҳуқуқи башар гуфт, ки дар ҳамлаи рӯзи 8-уми апрел 5 кӯдак кушта шудааст ва мумкин аст, теъдоди қурбониён биафзояд.
Мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки дар ҳамла 19 нафар кушта ва 22 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дигар ин ки ба гуфтаи Созмони нозири ҳуқуқи башар ҳавопаймоҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико ба як интернеткафе дар рустои Ҳнейда дар шаҳри Раққа, ки дар дасти гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ аст, зарба зада камаш 17 нафарро куштаанд ва 12 тани дигарро маҷрӯҳ кардаанд.
Нерӯҳои курду араб ва таҳти ҳимояти Амрико дар ин минтақа барои поксозии Раққа, охирин такягоҳи ДОИШ дар Сурия омодагӣ мегиранд ва ҳоло дар ҷараёни муҳосираи шаҳр ҳастанд.