Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти як зани 72-сола дар навбати гирифтани пули нафақа


Бознишастаҳои маҳаллаи "Гулистон"-и вилояти Сурхондарёи Узбакистон дар навбати пули нафақа. Рӯзи 6 апрели соли 2017
Бознишастаҳои маҳаллаи "Гулистон"-и вилояти Сурхондарёи Узбакистон дар навбати пули нафақа. Рӯзи 6 апрели соли 2017

Як зани бознишастаи 72-сола дар навбати гирифтани пули нафақааш дар вилояти Сурхондарёи Узбакистон ҷон додааст. Шоҳидони айнӣ дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳодиса баъд аз зуҳри 6 апрели имсол рух дод ва ин зан сокини маҳаллаи «Гулистон»-и вилояти Сурхондарё Мария Худойқулова буд.

Яке аз шоҳидон бидуни ифшои номаш гуфтааст, «дар пеши чашмони ман тақрибан 150 нафар барои гирифтани пули бознишастагӣ дар пушти дари муҳосиб ҷамъ шуда буданд. Дар ин гирудор Мария Худойқулова сактаи қалбӣ шуд ва то овардани обу омадани «Ёрии таъҷилӣ» вафот кард.»

Ҷасади ин зан рӯзи 7 апрел ба хок супурда шудааст. Ҳарчанд намояндагони додситониву пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, вазъиятро аз шоҳидон пурсидаанд, вале писари Мария Худойқулова гуфтааст, то кунун иқдоме дар заминаи марги модараш сурат нагирифтааст. Бархе аз сокинони бознишастаи Сурхондарё дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки марги Худойқулова баёнгари вазъи ногувори пиронсолон дар Узбакистон аст.

Мақомот ҳарчанд навбати зиёди пиронсолон барои гирифтани пули нафақаро таъйид мекунанд, аммо мегӯянд, ки тартиби гирифтани пули бознишастагӣ бояд аз тарафи раҳбарони маҳаллаҳо танзим шавад. Қаблан дар Тоҷикистон низ афроди бознишаста барои гирифтани пули нафақаи худ ба идораи ҷамоатҳо мерафтанд. Солҳои охир пули нафақаи пиронсолон дар Тоҷикистон тавассути корти пластикӣ пардохта мешавад.

XS
SM
MD
LG