Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як пизишки тоҷик барои марги духтари дусола


Акс аз бойгонӣ

Як пизишки тоҷик барои марги духтари дусолаи зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 8 апрел дар ин бора хабар дода, гуфтанд, ки ин табиб дар бемористони кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд кор мекард. Дар ҳоли ҳозир ин пизишк барои “иҷро накардани вазифааш” муттаҳам аст. Аз ӯ ному насаб бурда намешавад. Мақомот мегӯянд, ин пизишк рӯзи 12 марти имсол ҳангоми навбатдорӣ нисбат ба беморӣ ва сарнавишти духтари дусола “бепарвоёна” рафтор кардааст. “Дар натиҷа, духтари хурдсол, бинобар сари вақт табобати зарурӣ нагирифтан, рӯзи 14 март, вафот кардааст”, - гуфтанд дар дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон. Таҳқиқи қазия ҳанӯз ба итмом нарасидааст, вале дар ҳоли ҳозир назари ҷониби пизишк маълум нест, ки воқеан қазия аз чӣ қарор буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG