Пайвандҳои дастрасӣ

Кори намояндагии НАТО дар Тошканд қатъ шуд


Дафтари робитаҳои НАТО, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҷойгир буд ва иртиботи ин созмони низомиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоҳанг мекард, аз 1 апрел фаъолияташро қатъ кардааст.

Масъулини дафтар ба РИА Новости гуфтаанд, ки ин тасмим дар пайи тағйири сохтори робитаҳои эътилоф дар минтақа гирифта шуд. "Фаъолияти намояндагӣ аз 31 март қатъ шуда, робитаҳои эътилоф бо кишварҳои Осиёи Марказӣ акнун бевосита аз Брюссел ҳамоҳанг мешаванд", - изҳор доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Тасмими қатъи фаъолияти дафтари робитаҳои НАТО дар Тошканд ҳанӯз тирамоҳи соли 2016 гирифта шуд. Раҳбари дафтар Розария Пулизӣ он замон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки ин тасим дар пайи баррасии дохилии буҷа гирифта шуда, ангезаи сиёсӣ надорад.

"Аз ҷониби Ӯзбекистон ҳеч гуна фишор нашудааст. Баръакс, мо ҳамеша дар минтақа гарм пазироӣ шуда, аз ҳамкориҳои самарабахшу судманд дар сатҳҳои зарурӣ шод будем. ОМ барои НАТО аҳамияти стратегӣ дошт ва дорад. Ҳамкориҳо минбаъд бевосита аз Брюссел идора хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Дафтари ҳамоҳангии робитаҳои НАТО бо кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи майи соли 2014 дар шаҳри Тошканд боз шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG