Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА таҳдид кард, ки дар мавриди Сурия ба танҳоӣ амал хоҳад кард


ИМА Шӯрои Амнияти СММ-ро таҳдид кард, ки дар сурати қабул нашудани қарори муштарак оид ба вазъи Сурия, якҷониба тасмим мегирад. Дар ин бора дар ҷаласаи Шӯро намояндаи доимии ИМА Никки Ҳейлӣ хабар дод.

Ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ дар Сурия бе натиҷа ба анҷом расид. Барои қабули қатъномаи муштараки ИМА, Бритониё ва Фаронса ба далели ихтилофи назарҳо раъйдиҳӣ сурат нагирифт. Ба гуфтаи Ҳейлӣ, ҳукумати Сурия, Русия ва Эрон манфиатдор нестанд, ки низоъ хотима ёбад.

Мухолифони Сурия 4 апрел хабар доданд, ки дар натиҷаи ҳамлае дар Хон-Шайхун даҳҳо одам ҷон дод. Ба гумони табибони маҳаллӣ, дар ин ҳамла гази фалаҷкунандаи аъсоб истифода шудааст. Дар ҳоли ҳозир шумори қурбониён ба 86 нафар расид. Шӯришгарон онро кори нерӯҳои ҳукумати Сурия меноманд.

Муаллифони қатънома ҳамлаи кимиёвиро маҳкум карда, аз Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ даъват доранд, ки ҳар чи зудтар хулосаҳои ҳамларо пешинҳод кунад.

ИМА ва кишварҳои Аврупо дар ҳамлаи кимиёӣ президент Башор Асадро айбдор карданд. Русия хабар дод, ки нерӯҳои ҳавоии Сурия 4 апрел анбори гулӯлаҳои заҳрогинро бомбаборон карданд. Бино ба фарзияи Москва, бо ин навъи таслиҳот террористон дар Сурия ва Ироқ таъмин шудаанд.

XS
SM
MD
LG