Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев дар ҳузури Мирзиёев Узбакистонро шарики стратегӣ ном бурд


Дмитрий Медведев бо Шавкат Мирзиёев
Дмитрий Медведев бо Шавкат Мирзиёев

Дмитрий Медведев, сарвазири Русия, дар мулоқоти нахустинаш бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Маскав аз бастаи санаду созишномаҳои омодашуда барои тасвиби миёни президентони ду кишвар ситоиш кард. Ӯ гуфт, ки ин санадҳо асосан ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва муҳоҷирати кориро дар бар мегирад. Медведев изҳори умед кард, ки сафари нахустини Мирзиёев ба Маскав дар мақоми президенти Узбакистон саҳифаи наверо дар ҳамкориҳои ду кишвар боз мекунад ва аз Узбакистон ба ҳайси шарики стратегии Русия ёд кард. Дар остонаи сафар гуфта шуд, ки 55 санади барои тасвиб омодашуда дар маҷмӯъ ба маблағи 16 миллиард доллар таҳия шудаанд. Бахше аз ин санадҳо дар ҳаҷми 4 миллиард доллар дар сафорати Узбакистон дар Маскав рӯзи 3 апрел имзо шуд.

XS
SM
MD
LG