Самӣ Шариф, собиқ раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ва ҳоло раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Салимзода, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳоло раиси ноҳияи Сино ва Низом Ҳакимзода, собиқ вазири нақлиёт ва акнун раиси ноҳияи Шоҳмансур, дар интихоботи рӯзи якшанбеи 2 апрел баранда гардиданд.
Абдулло Холиқов, раиси Комиссияи интихоботии шаҳри Душанбе рӯзи 3 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рузи якшанбе дар чор ҳавзаи ноҳияҳои пойтахт интихоботҳои миёндаврӣ барои дарёфти курсиҳои маҷлиси шаҳрӣ баргузор шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, дар ҳавзаи 4-и ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳоло раиси ноҳияи Сино ҳудуди 75 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст оварда, бар номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ пирӯз шуд.
Ҳамчунин Низом Ҳакимзода, собиқ вазири нақлиёт ва ҳоло раиси ноҳияи Шоҳмансур аз ҳизби халқии демократӣ бо дарёфти ҳудуди 74 дарсад раъй бар рақиби худ номзади ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Иноят Додоҷонова, ки 18,7 овоз гирифт, пирӯз гардид.
Аммо Самӣ Шариф, собиқ раиси ширкати “Барқи тоҷик” ва ҳоло раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гирифтани 74 дар сади раъй ба номзади ҳизби сотсиалист - Шарифамоҳ Раҳимова, ки 12,84 дар сади овозҳоро дарёфт карда буд, ғолиб дониста шуд.
Самӣ Шариф, Нусратулло Салимзода ва Низом Ҳакимзода бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар таърихи 12 январ ба вазифаҳои раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансур таъин гардиданд.