Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев шарҳ дод, ки чаро Дурнамои рушд то соли 2040 бояд таҳия шавад. Дар ин бора вай дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди устувори кишвараш изҳори назар кард.
Вай гуфт, соли 2040 аз ибтидои даврони Қудратмандии қирғизҳо - давлати қирғизҳо, ки асрҳои 9 ва 10 ба авҷи қудрат расида буд, 1200 сол пур мешавад. Ҳамзамон соли 2041 Қирғизистон аз 50-солагии истиқлолаш таҷлил мекунад.
"Қирғизҳо мегӯянд: "Дар 50 сол мардум як маротиба нав мешавад". 50-солагии истиқлолро Қирғизистон бояд чи гуна таҷлил кунад? Аз кадом роҳ биравад? Ва ба кадом ҳадафҳо бояд даст ёбад? Мардуми мо чи гуна бояд нав шавад? Агар ҳамаи инро мо аз ибтидо тарҳрезӣ кунем, барои кишвар ва мардуми мо роҳ осону ҳамвор хоҳад буд. Бозиҳои гуногуни сиёсӣ, сиёсатмадорони палид наметавонанд, ки давлати моро аз масираш мунҳариф кунанд!", - гуфт Отамбоев.
Ба андешаи президенти Қирғизистон, дар меҳвари ин дурнамо бояд "инсон, ҳаёти вай, сиҳатӣ, таҳсил, ҳуқуқ ва озодиҳояш" ҷой бигирад. "Аммо ҳадафе, ки мо мехоҳем то соли 2040 ба он даст ёбем, агар мардуми Қирғизистон соҳиби давлати пурқадрат набошад, танҳо орзу боқӣ хоҳад монд. Вазифаи насли мо - ҳифзи истиқлолияти кишвар, тақвияти давлат аст", - афзуд Отамбоев.