Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп бо Сисӣ ва подшоҳи Урдун мулоқот мекунад


Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ҳафтаи оянда бо раҳбарони Мисру Урдун дар Кохи Сафед мулоқот хоҳад кард. Як мақоми амрикоӣ гуфт, мулоқоти Трамп бо Абдуфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср, рӯзи 3 апрел сурат мегирад. Вай афзуд, раиси ҷумҳури Амрико ҳангоми мулоқот бо раҳбари Миср асосан бар сари эҳёи равобити Вошингтону Қоҳира тамаркуз хоҳад кард. Шон Спайсер, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун, рӯзи 5 апрел ба Амрико меравад. Ба қавли Спайсер, сафари подшоҳи Урдун ба Амрико ба ду раҳбар имкон хоҳад дод, то дар хусуси як зумра масоили муштарак дар иртибот ба Ховари Миёна, бо шумули мубориза бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, низои Сурия ва равобити Исроилу Фаластин баҳс кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG