Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мошини дипломатии Тоҷикистон. Сафорат: Дар Петербург консули фахрӣ надорем


Дар гузашта Муҳаммадназар Мирзода консули фахрии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург буд. Вай дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз чизе нагуфтааст
Дар гузашта Муҳаммадназар Мирзода консули фахрии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург буд. Вай дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз чизе нагуфтааст

Масъулони сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ки хабари боздошти як мошин бо рақамҳои дипломатии кишварро дар Санкт-Петербург таҳқиқ доранд. Бино ба иттилои пулиси Санкт-Петербург, ин мошин шаби 31 март дар пайи тирпаронӣ дар кӯчаи Благодатная боздошт шудааст.

Мақомоти интизомии Санкт-Петербург гуфтаанд, ин мошин ба Муҳаммадназар Мирзода, консули фахрии собиқи Тоҷикистон дар ин минтақа тааллуқ дорад. Вебсайти “Фонтанка.ру” бо нашри аксу видео аз маҳалли ҳодиса гуфт, “Мерседес – S350” бо рақамҳои “900D099 78” боздошт шуда, аммо маъмурони интизомӣ ронанда ва мусофиронро аз он берун накардаанд, чун ба гуфтаи онҳо “рақамҳои сурх ҳуқуқи дахлнопазирӣ медиҳад”.

То ҳол иллатҳои боздошти ин мошин маълум нест. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 1 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дурустӣ ё нодурустии иттилоъ танҳо баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳодиса маълум мешавад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар Санкт-Петербург консули фахрӣ надорад ва як моҳ пеш аз қатъи фаъолияташ ҷониби Русияро ҳам огоҳ кардаанд.

"Беш аз як моҳ мешавад, ки расман фаъолияти консули фахрӣ дар ин шаҳр хотима ёфтааст. Баъд аз онки консули генералӣ дар шаҳри Санкт-Петербург таъин шуд, мо расман ба ҷониби Русия ёддошт фиристодем, ки фаъолияти консули фахрӣ катъ гардид. Ҳоло ин мавзӯъро таҳқиқ дорем”, - таъкид дошт ӯ. Дар гузашта Муҳаммадназар Мирзодаи 58-сола консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург буд. То ҳол худи ӯ дар бораи ин ҳодиса чизе нагуфтааст.

XS
SM
MD
LG