Дар таркиши бомбае дар як маҳаллаи шианишини қабилаии шимолу ғарби Покистон дасти кам 22 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Зоҳид Ҳусайн, як мақоми давлатӣ гуфт, ки бомба дар дохили бозори маҳаллӣ в хеле наздик ба масҷиди шиаён инфиҷор кард. Ҳеҷ гурӯҳ ё афроде масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст. Як таркиши 21 январ дар маҳаллаи Парачинор 24 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро маҷрӯҳ намуд. Он замон масъулияти ин ҳодисаро Толибони Покистон ба ӯҳда гирифтанд.