Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти тоҷике бо гумони узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар Русия


Мақомоти интизомии Русия дар бораи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки, ба қавли онҳо, дар ҷустуҷӯи байналмилӣ ва гӯё дар узвияти гурӯҳи мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” буд. Исм ва ҳуввияти ин мард ошкор намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки ӯ соли 1968 таваллуд шуда рӯзи 30 март дар кӯчаи назди боғи Серебристий боздошт шуд. Боздошти мардро полиси ҷиноии шаҳри Санкт-Петербург анҷом додааст. Ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG