Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Ҷашнвораи байналмилалии ҷазз дар Алмаато


Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон рӯзи 30 март 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии ҷазз бо иштироки навозандаҳо аз Австрия, Маҷористон, Олмон, Исроил, Испания, Италия, Қазоқистон, Лаҳистон, Тоҷикистон ва Фаронса оғоз шуд. Он то 2 апрел идома хоҳад кард.

Ин ҷашнвора дар Мактаби ҷаззи Алмаато бо дастгирии ҳукумати маҳаллӣ ва консулгарии кишварҳое, ки намояндагони онҳо иштирок мекунанд, баргузор мешавад. Ҳамаи барномаҳои консертӣ дар Филармонияи давлатии ба номи Ҷамбули Алмаато баргузор шуда ва иштирокдорон рӯзона барои ҳаводорони мусиқии ҷазз мастер-класс ё дарсҳои намунавӣ хоҳанд гузаронд. Ҷашнвора бо ҳунарнамоии дастаҳои Исроил ва Испания - трио Леонид Пташка ва Flamenko Jazz Trio оғоз гашт.

XS
SM
MD
LG