Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анқара аз поёни амалиёти низомиаш дар шимоли Сурия хабар дод


Туркия аз анҷоми амалиёти низомиаш бо номи "Сипари Фурот" дар шимоли Сурия хабар дод. Артиши турк аз ин минтақаи Сурия, ки бо Туркия ҳаммарз аст, берун меояд ё на, ҳанӯз дақиқ нест. Сарвазири Туркия Бинали Йилдирим рӯзи 29 март аз анҷоми муваффақонаи амалиёт хабар дод. Дар ҳамин ҳол, вай оғози амалиёти навро дар минтақаҳои дигари Сурия дар фурсатҳои наздик аз эҳтимол дур надонист.

Дар амалиёти "Сипари Фурот", ки моҳи августи соли гузашта шуруъ шуда буд, артиши пиёдагард, тонк ва нерӯҳои ҳавоии Туркия шуришиёни "Артиши озоди Сурия"-ро дар ҷанг бо гуруҳи ифротгарои "Давлати исломӣ" кумак карданд. "Артиши озоди Сурия" ҳамзамон бо шуришиён курд, ки бино бар тасдиқи Анқара, "террорист" ҳастанд, меҷангад.

"Аз ин ба баъд ҳангоми таҳдид ба амнияти мо аз сӯи "Давлати исломӣ" ва ё гуруҳҳои дигар, амалиёти навро шуруъ хоҳем кард", - гуфт Йилдирим.

30 март Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон барои анҷоми гуфтугӯҳо дар мавзуи мубориза зидди "Давлати исломӣ" бо роҳбарияти Туркия, ба ин кишвар омад.

Ба иттилои Департаменти давлатии ИМА, Тиллерсон "нақши калидӣ доштани Туркияро дар минтақа" тасдиқ кардааст.

XS
SM
MD
LG