Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Визаи хуруҷ"-и Ӯзбекистон боиси ҷудоӣ дар хонаводаҳо мешавад


Бархе аз шаҳрвандони Ӯзбекистон мегӯянд, мушкили дарёфти "визаи хуруҷ" боис шудааст, ки қисме аз шаҳрвандони ин кишвар аз зану фарзанд ҷудо шаванд. Ӯзбекистон то кунун танҳо кишвари шӯравии пешин аст, ки барои шаҳрвандонаш раводиди сафари хориҷиро нигоҳ доштааст.

Сокини шаҳри Тошканд Лобар Юнусова мегӯяд, шавҳар ва духтарашро дар Имороти муттаҳидаи Араб гузошта, ҳамроҳи ду фарзандаш ба Ӯзбекистон баргаштааст. Вай мегӯяд, нуҳ моҳ аст, наметавонад аз ВКД "визаи хуруҷ", ки барои берун рафтан аз кишвар лозим аст, дарёфт кунад.

Сокини Самарқанд бо номи Зарина нақл мекунад, ки дигар умеде барои дарёфти "визаи хуруҷ" надорад. Вай мебоист ба ИМА мерафт. "Соли гузашта бо тифли навзодам ба Ӯзбекистон ба дидорбинии модарам омадам. Ду фарзанди калонтарамро дар ИМА гузоштам. Дар Ӯзбекистон визаи хориҷшавӣ гирифта нашуд. Ман маҷбур шудам, аз Ӯзбекистон тавассути Украина ба Амрико парвоз кунам. Акнун наметавонам ба кишварам баргардам, зеро ғайриқонунӣ аз онҷо хориҷ шудаам", - мегӯяд Зарина.

Соли гузашта шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Шавкат Мирзиёев хостанд, то "визаи хуруҷ" бекор гардад.

XS
SM
MD
LG