Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сафири Украина ба боздиди вакилони қирғиз аз Қрим


Сафири Украина дар Бишкек Николай Дорошенко
Сафири Украина дар Бишкек Николай Дорошенко

Сафири Украина дар Бишкек Николай Дорошенко рӯзи 27 март дар робита ба сафари эҳтимолии вакилони порлумони Қирғизистон - Марат Амонқулов ва Ирина Карамушкина ба Қрим эътироз баён кард. Дорошенко гуфт, Амонқулов ва Карамушкина аз 18 то 21 марти соли равон ҳамроҳи вакилони кишварҳои дигар дар чорабиние дар Қрим иштирок карданд. Дипломати украинӣ дар саҳифаи фейсбукиаш изҳори умед кард, ки "мақомоти Қирғизистон роҷеъ ба ин масъала чора хоҳанд андешид".

Сухангӯи порлумони Қирғизистон Иброҳим Нуракунуулу мегӯяд, ягон вакили кишвараш расман аз Қрим боздид накардааст ва Амонқулов ҳамроҳи Карамушкина шояд бо тасмими шахсӣ ба нимҷазира сафар карда бошанд.

Талошҳо барои гирифтани назари худи вакилон бенатиҷа буд. Вале вакил Ирина Карамушкина рӯзи 24 март дар Фейсбук аксҳоеро нашр кард, ки нишон медиҳанд, вакилони қирғиз дар Қриманд.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон то ҳол изҳороти сафири Украина дар Бишкекро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG