Пайвандҳои дастрасӣ

Cафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Исфара аз боздиди корхонаи “Баракат”-и ин шаҳр шурӯъ шудааст. “Баракат Исфара” бузургтарин корхонаи коркарди мева дар минтақаи шимоли Тоҷикистон аст. Ба иттилои расмӣ, ин корхона дар соли гузашта бо 2 миллион доллар азнавсозӣ шуда, иқтидори солонааш аз коркарди пешинаи 1.5 ҳазор тонна ба 2.5 ҳазор тонна меваи хушк расидааст. Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон солона то 100 ҳазор тонна меваи хушк ба даст оварда мешавад. Вале тоҷирони маҳаллӣ қисмати умдаи онро ба шакли коркарднашуда ба Русия содир мекунанд ва миқдори ночизи он дар дохили кишвар мавриди коркард қарор мегирад. Ба гуфтаи манобеъ аз шаҳри Исфара, ин сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо дидани осоишгоҳи “Зумрад” ва чорбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ идома хоҳад ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG