Пайвандҳои дастрасӣ

Тиллерсон гуфт, узвияти Черногория дар НАТО ба манфиати ИМА мешавад


Вазири хориҷаи Амрико Рекс Тиллерсон дар муроҷиати хаттие ба унвонии сенаторҳои кишвар хост, ки талошҳои Черногория (Монтенегро)-ро барои узвият дар паймони низомии НАТО пуштибонӣ кунанд. Вай гуфтааст, ки ин амал “ба манфиати ИМА” аст. Дар ин бора рӯзи 21 март матбуоти амрикоӣ хабар дод. Оҷонсии Ройтерс менависад, ки дар номае аз рӯзи 7 март Тиллерсон гуфтааст, узвияти Черногория дар НАТО барои ҳамоиши бештар хизмат карда дар амри ислоҳоти демократӣ, тиҷорат, амният ва суботи Балқон мусоидат мекунад.

Мухолифати ду сенатори ҷумҳурихоҳ ба пазириши Черногория ҳалли ин масъаларо моҳҳо ба ақиб партофт. Ренд Пол, яке аз сенаторҳои мухолифи узвияти Черногория гуфтааст, ки ин кишвар наметавонад харҷи узвият дар НАТОро пардохт кунад ва ҳам ба ҳайси як кишвари хурд нахоҳад тавонист аз ИМА ҳимоят кунад. Черногория бо 650 ҳазор ҷамъяташ мехоҳад моҳи маи имсол узви 28-ум ва комилҳуқуқи НАТО шавад. То имрӯз 24 кишвар барои пазириши Черногория ризоият додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG