Пайвандҳои дастрасӣ

Аслов аз дабири кулли СММ хост, ки ба Тоҷикистон биояд


Сироҷиддин Аслов

Сироҷиддин Аслов - вазири умури хориҷии Тоҷикистон - рӯзи 21 март дар Ню-Йорк бо Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, мулоқот кардааст. Гутерриш аввали соли ҷорӣ ба унвони дабири кулли СММ ба фаъолият оғоз кард. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Антонио Гутерриш масоили мухталиф, аз ҷумла ҳамкорӣ ва кумаки ниҳодҳоди дахлдори Созмони Милал барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шудааст. Аслов ва Гутерриш, инчунин, дар робита ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон суҳбат кардаанд. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дабири кулли СММ-ро барои анҷоми сафар ба Тоҷикистон даъват намудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG