Пайвандҳои дастрасӣ

Вакил: Евдокимов иттиҳоми тафтишотро қабул надошт


акс аз 1 декабри соли 2016

Раиси собиқи ширкати “Роскосмос”, ки рӯзи 18 март ҷасади кушташудаи ӯ дар дохили боздоштгоҳ ошкор шуд, нияти эътирофи гуноҳро надошт, гуфт вакили дифои Владимир Евдокимов. Елена Капчинская, вакили дифои Евдокимов дар сӯҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфт, ки шахси мавриди ҳимояташ барои тафтишот кадом маълумоти арзишманде надошт ва ба гардан нагирифтани иттиҳомот “мавқеи принсипиалии” ӯ буд. Вай инчунин гуфт, ки ба эҳтимоли худкушии Евдокимов бовар намекунад.

Рӯзи 20 март дар матбуоти русӣ хабарҳое пахш шуд, ки мегӯяд, эҳтимолан Евдокимов маълумотеро медонист, ки бар зидди афроди муайян метавонист истифода шавад ва ба ҳамин хотир ҳам кушта шуд. Ҷасади Евдокимов рӯзи 18 март дар ҳоҷатхонаи боздоштгоҳ бо нишонаҳои захмҳои корд дар ноҳияи дилаш ошкор шуд. Баъди ин маълум шуд, ки моҳе пеш Евдокимов ба утоқи бидуни камераҳои назоратии боздошгоҳ интиқол ёфта буд.

Пурсишҳо нишон додааст, ки миёни ӯву боздоштшудаҳои дигар ҳеҷ мушкиле вуҷуд надошт. Кумитаи тафтишот гуфтааст, ки ин ҳодиса аз рӯи моддаи “куштор” таҳқиқ мешавад. Матбуот гуфт, ки куштори фармоишӣ яке аз фарзияҳои таҳқиқот мебошад. Владимир Евдокимов аз декабри соли 2016 дар боздошт буд ва ӯро дар қаллобӣ дар ҳаҷми 200 миллион рубл айбдор мекарданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG