Пайвандҳои дастрасӣ

“Мерседес-Бенс” бо се тан ба дарёи Сир сарозер шуд


Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Суғд мегӯяд, наҷотбахшони ин ниҳод баъди ҷустуҷӯҳо, автомобили сарозершуда ба рӯди Сирро пайдо карданд ва ҳоло барои берун овардани он талош доранд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодиса соатҳои тақрибан 01:00 шаби 19 ба 20 дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд рух додааст. Вазорати дар шарҳи сабаби ин ҳодиса гуфт, ки ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада ва ба бетони канори роҳ бархӯрдааст ва дар натиҷа худрав аз болои пул ба дарёи “Сир” сарозер шудааст. Ба иттилои манбаъ, худи ронанда ва як мусофири дигар, ки сокини шаҳри Душанбе будааст, шино карда ва ба берун баромадаанд, аммо ҷустуҷӯи як мусофири дигар, ки сокини шаҳри Хоруғ будааст, ҳоло идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG