Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори ҳазорон нафар аз сокинони Мавсил аз хонаҳояшон


Ғарби Мавсил яке аз минтақаҳои сераҳолитарини шаҳр аст ва кӯдакону занони зиёде онро тарк кардаанд.

Ҳазорон нафар ироқӣ аз тарси ҷанги байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар шаҳри Мавсил аз хонаҳояшон мегурезанд. Нерӯҳои ироқӣ бо идомаи амалиёт барои поксозии шаҳр аз ҳузури ҷангӯён ба шаҳраки кӯҳна ва як масҷиди стротегии Мавсил наздик шудаанд.

Мақомоти ироқӣ рӯзи 18-уми март гуфтанд, ки сарбозони давлатӣ, ки мехоҳанд, кӯчаҳои тангу серодамро аз дасти аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ озод кунанд, ба муқовимати сахти онҳо дучор шудаанд. Нерӯҳои давлатии Ироқ моҳи январ нисфи шаҳр ва шарқи Мавсилро, ки гурӯҳи Давлати исломӣ онро пойтахтии худ эълон кардааст, гирифтанд.

Роиз Чокар, фармондеҳи пулис гуфт, ки ҳоло онҳо саъй доранд, шаҳри кӯҳна ва масҷиди Ал-Нурӣ дар ғарби Мавсилро муҳосира кунанд. Ҷангҳо дар ғарби шаҳр сабаби фирори ҳазорон нафар аз хонаҳояшон шудааст. Мақомоти Амрико тахмин мекунанд,ки дар ғарби Мавсил мумкин аст 750 ҳазор нафар аз сокинон ва тақрибан 2 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ монда бошанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG