Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби боз 2 сол зиндон барои Бузургмеҳр Ёров


Айбдоркунандаи давлатӣ барои Бузургмеҳр Ёров дар робита ба парвандаи "беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ" ва "таҳқири намояндаи мақомот", аз Додгоҳи олӣ 2 соли зиндон талаб намуд. Додгоҳи олӣ мурофиаи ин парвандаро рӯзи 13 март дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор кард.

Зарина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров рӯзи сешанбеи 14 март ба Радиои Озодӣ аз қавли машваратчии халқии мурофиа шавҳараш, ки дар ин мурофиа ҳузур доштааст, гуфт, ки айбдоркунандаи давлатӣ барои Бузургмеҳр Ёров ду соли зиндон талаб кард. Вай гуфт, имрӯз, 14 март дар мурофиа вакили мудофеи Бузургмеҳр Ёров, суханронӣ хоҳад кард.

Ҳамсари Бузургмсеҳр Ёров афзуд, дирӯз ба мурофиа модари Бузургмеҳр Ёров низ даъват шуда буд, вале бар асари беморӣ натавонистааст ширкат кунад. Ба гуфтаи Зарина Набиева, вакили мудофее, ки имрӯз суханронӣ хоҳад кард, барои онҳо ношинос аст ва ному насаби ӯро намедонанд. Пас аз суханронии ӯ, додгоҳ ба Хонаи машваратӣ меравад ва баъд ҳукм эълон хоҳад шуд

Рустам Тақдирзода, муфаттиши Додситонии кулл ва Асомуддин Бобохонзода додраси додгоҳи шаҳри Душанбе рубоии "Бо ин ду-се нодон..."-и Синоро ҳамчун таҳқир дар шаъни худ дониста ба Додситонии кулл алайҳи Бузургмеҳр Ёров шикоят бурда буданд. Бар асоси иттиҳоми нав, Бузургмеҳр Ёров барои “беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият”, муттаҳам мешавад. Агар ин иддао дар додгоҳ пуштибонӣ ёбад, ба 23 соли зиндони Ёров эҳтимолан 2 соли дигар изофа мешавад.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри соли гузашта Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард ва шикоятҳои кассатсионии онҳоро бетағйир гузошт.

XS
SM
MD
LG