Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон аз пайкараи Ислом Каримов пардабардорӣ шуд


Пайкараи президенти нахустини Узбакистон Ислом Каримов дар Туркманобод гузошта шуд. Дар маросими пардабардорӣ аз пайкара 7 март президенти кунунии Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ширкат карданд.

Тавре расонаҳои Туркманистон иттилоъ медиҳанд, яке аз кӯчаҳои маркази маъмурии вилояти Лебапи Туркманистон, ки бо вилояти Бухорои Узбакистон ҳаммарз аст, номи Ислом Каримовро гирифтааст. Президенти Туркманистон дар суханрониаш аз нақши Ислом Каримов дар рушди муносибатҳои ду кишвар зикр кард.

"Ёдгории беҳтарин барои президенти нахустини Узбакистон - ин сазовортарин амал барои идомаи роҳи вай аст", - гуфт Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов. Роҳбарони Узбакистону Туркманистон дар пояи пайкараи Ислом Каримов гулчанбар гузоштанд.

Видеоҳои охирин

Трамп мегӯяд, Путин дахолат дар интихоботи Амрикоро қотеона рад мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG