Пайвандҳои дастрасӣ

Дар робита ба куштори сафири Русия дар Анқара як зани рус боздошт шудааст


Туркия - саҳнаи ҳамла ба сафири Русия дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо дар Анқара. 19 декабри соли 2016.

Биноба маълумотия нашрияи Hurriyet, дар қазияи куштори сафири Русия Андрей Карлов як зани русро боздошт кардаанд. Ба навиштаи нашрияи ин зани 33 сола, ки аз ӯ Екатерина ном бурда мешавад, моҳи ноябри соли гузашта бо қотили сафир Мавлуд Олтинтош робита барқарор кард ва бо WhatsAp бо ӯ сӯҳбат мекард.

Ҳоло ин зан дар боздошт қарор дорад ва ба гуфтаи Hurriyet ӯ ҳамчунин дар ташкили фоҳишагарӣ гумонбар мешавад.

Сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов 19 декабр ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо кушта шуд. Ҳамала ба сафрирро собиқ корманди пулиси Туркия Мавлуд Олтинтош, ки дар чаҳорчӯби парвандаи табаддулоти моҳи июли соли 2016 дар Туркия аз кор озод шуда буд, анҷом дод. Ӯ дар саҳнаи куштор шиорҳои мазҳабӣ партофт ва Русияро барои амалҳояш дар Сурия муттаҳам кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG