Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп Обамаро барои гӯш кардани сӯҳбатҳояш муттаҳам кард


Доналд Трамп ва Барак Обама
Доналд Трамп ва Барак Обама

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 4 март Барак Обама – президенти пешини ин кишварро барои “гӯш кардани сӯҳбатҳои телефониаш” дар ҷараёни маъракаи интихоботии соли гузашта муттаҳам кард, вале далеле пеш наовард. Ӯ рӯзи шанбе дар Твиттер навишт, “даҳшатнок. Ҳамин ҳоло фаҳмидам, ки Обама пеш аз пирӯзӣ дар интихобот гуфтугӯҳои маро дар Trump Tower гӯш мекардааст.” Вай дар идомаи ин суханонаш дар Твиттер навишт, “раиси ҷумҳур Обама ба чӣ сатҳе поин фаромада буд, ки дар ҷараёни бисёр муқаддаси интихобот телефонҳои маро гӯш мекардааст. Ин расвоӣ дар миқёси Никсон – Уортгейт аст. Чӣ одами бад (ё мариз)”. Ишораи Трамп ба расвоии “Уортгейт” марбут ба давлати Ричанд Никсон, аз раҳбарони пешини ҷумҳурихоҳ аст. Ин достон аз инҷо оғоз шуд, ки бархе аз атрофиёни президент Никсон 17 январи соли 1972 шабона ва бидуни ҳукми қонунӣ вориди дафтари Ҳизби демократ дар бинои “Уотергейт” шуда ва микрофон гузоштанд. Ин қазия соли 1974 ба истеъфои Ричард Никсон оварда расонд.

XS
SM
MD
LG