Шаҳри хурде дар ҷануби Олмон гуфт, як рӯз баъд аз манъи ҷамъомади вазири адлияи Туркия, ки бо ҳадафи таблиғи реферундуми густариши салоҳияи президент Эродуғон анҷом мешуд, онҳо таҳдиди бомбгузорӣ гирифтанд.
Деитер Спенаҷел як мақомдори шаҳраки Гаггенау гуфт, ки шаҳрдорӣ таҳдидро субҳи 3 март аз тариқи телефон дарёфт кард.
"Тамосгиранда манъи таҷаммӯъ бо вазири адлияро ҳамчун сабаб пеш гузошт", гуфт ин мақомдор.
Шаҳрдор Майкл Пфайфер ба телевизиони Олмон гуфт, у намедонад, ки таҳдид ба манъи таҷаммӯъ мустақиман рабт дорад ё не."Мо ҳоло ҳаминро фарз мекунам, аммо итиминон намедиҳем", гуфт Прфайфер.
Пулис дар шаҳрдорӣ амалиёти кофтуков анҷом дод.
Субҳи 3 март Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу нерӯҳоеро дар ҳукумати Олмон ба ҷилавгирӣ аз маъракаи пуштибонии реферундуми моҳи оянда муттаҳам кард. Реферундми моҳи оянда салоҳиятҳои президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро афзоиш медиҳад.
Ҳудуди якуним миллион шаҳрванди Туркия дар Олмон зиндагӣ мекунад.
Ба думболи манъи ҳамоиш, вазири адлияи Туркия Бекир Боздаг мулоқот бо ҳамтои олмониашро лағв ва Туркия сафири Олмонро барои шарҳ даъват кард.