Ҷеред Кушнер, домоди раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва мушовири аршади ӯ, ҳамроҳ бо Майкл Флинн, собиқ мушовири Кохи Сафед дар умури амнияти миллӣ бо сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк мулоқот доштанд. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи 2 март гузориш дод.
Ба гуфтаи манбаъҳои нашрия, мулоқот моҳи декабри соли гузашта дар бурҷи Trump Tower, то оғози расмии фаъолияти президент дар ин мақом, сурат гирифт. Нашрия мегӯяд, ки мулоқоти аъзои ситоди даври гузариш бо мақомдорони хориҷӣ имконпазир аст, аммо бо назардошти таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи соли гузашта, таваҷҷӯҳ ба ин мавзӯъ бештар шудааст.
Ҳафтаи равон нашрияи The Washington Post навишт, ки Додситони кулли Амрико Ҷеф Сешенс, дар вақти сенатор буданаш, ду дафъа бо Сергей Кисляк дидору гурфтугӯ дошт. Ба гуфтаи нашрия, яке аз мулоқот моҳи сентябри соли гузашта дар ҳоле ҷараён гирифт, ки масъалаи эҳтимоли ҳамлаҳои ҳакерии Русия ба сохтори интихоботии Амрико рӯ зад. Ҷефф Сешенс ҳангоми тасдиқи номзадиаш дар Сенати Амрико, дар бораи мулоқоташ бо сафир чизе нагуфт.