Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дубнов: Изҳороти Отамбоев оиди боқӣ мондан дар сиёсат - ишора ба Кремл аст


Русия - Коршиноси масоили сиёсӣ Аркадий Дубнов. 29 сентябри соли 2014.
Русия - Коршиноси масоили сиёсӣ Аркадий Дубнов. 29 сентябри соли 2014.

Изҳороти президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки ӯ баъди рафтан аз мақом низ дар сиёсат мемонад, ишорае барои Кремл аст. Дар ин бора коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ Аркадий Дубнов назар дод.

Дубнов мегӯяд, "Алмосбек Отамбоев дар мулоқот бо Владимир Путин тасдиқ кард, ки баъди анҷоми муҳлати президентиаш дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар сиёсат боқӣ мемонад. Ба назари ман, вай мехоҳад ба президенти Русия талқин кунад, ки агар Маскав аз номзади пешниҳодии Отамбоев ба мақоми президентӣ пуштибонӣ кунад, метавонад дар оянда низ ба Отамбоев такя намояд. Номзади пешниҳодкардаи Отамбоев нисбат ба Русия содиқ хоҳад буд. Ҳарчанд худи Отамбоев дар курсии президентӣ боқӣ намемонад, аммо метавонад сиёсатҳои президенти ояндаро назорат кунад. Ин шарҳи соддатар ва фаҳмотаре аст. Ба ин тартиб, Отамбоев мехост ишора кунад, ки Путин метавонад ба идома ёфтани сиёсатҳои кунунии Отамбоев умед бандад", - афзуд Дубнов.

Рӯзи 28 феврал президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо ҳамтои русаш Владимир Путин нишасти муштараки матбуотӣ доир карданд. Дар он нишаст Отамбоев гуфт, баъди муҳлати президентиаш ҳам дар сиёсат боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG