Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Сурия қалъаи бостонии Палмираро бозпас гирифтанд. ВИДЕО


Сурия - Тасвири театри Рум дар шаҳри бостонии Палмира. 1 апрели соли 2016

Нерӯҳои ҳукумати Сурия бо дастгирии ҳампаймонони худ қалъаи бостонии Палмираро аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) дубора бозпас гирифтанд. Дар ин бора Reuters бо истинод ба расонаи гуруҳи "Ҳизбуллоҳ" иттилоъ додааст. Инчунин, нерӯҳои ҳукуматӣ тавонистаанд, ки маҷмааи қасриро дар ҷануби шаҳр озод кунанд.

Артиши Сурия рӯзи 27 феврал минтақаи муҳимеро дар ҷанубу шарқи Палмира, ки аҳамияти стратегӣ дорад, ба даст овард. Ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ба ин шаҳр, ки дар дасти ДИ буд, ибтидои моҳи феврал оғоз шуд.

Шаҳри Палмира бори нахуст моҳи майи соли 2015, баъд аз задухӯрдҳои якҳафтаина ва ақибнишинии нерӯҳои ҳукуматӣ ишғол шуда буд. Тундравон ёдгориҳои муҳими таърихиро нобуд карда, куҳансолтарин бостоншиноси Палмира Холид ал-Асъадро куштанд.

Ибтидои соли 2016 дар натиҷаи амалиёти муштараки нерӯҳои Сурия ва Русия ин шаҳр аз дасти ҷангҷӯён озод карда шуд. Вале моҳи декабри соли гузашта тундравон дубора онро ғасб карда буданд.

Даҳшатафканони гурӯҳи "давлати исломӣ" Палмира (Тадмур)-ро аз даст доданд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:46 0:00

Видеоҳои охирин

"Дар мо вазифаҳо умрбод шудаанд"
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:02:30 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG