Пайвандҳои дастрасӣ

"Моли дохили ҳавопаймои суқуткарда ба Отамбоев ва ҳамсараш тааллуқ дошт"


Қирғизистон - Суқути ҳавопаймо. 16 январи соли 2017.

Боздошти роҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоев ба иттилое, ки вай аз Кипр дарёфт кард, рабт дорад. Дар ин бора ҳуқуқшиноси ҳизби "Ота Макон" Таалайгул Токтакунова дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, Текебоев дар сафараш ба Кипр ҳуҷҷатҳои муҳимеро пайдо кард, ки ба ҳавопаймои "Боинг-747" рабт доранд. Ин ҳавопаймо 16 январ дар фурудгоҳи "Манас" - наздикии шаҳри Бишкек суқут кард. Ҳуқуқшинос мегӯяд, Текебоев фурсат наёфт, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро нашр намояд. Ба гуфтаи Таалайгул Токтакунова, мақомот Текебоевро ба он хотир дар фурудгоҳ боздошт карданд, ки ҳуҷҷатҳоро аз ӯ мусодира кунанд. Ҳатто вакили мудофеъро иҷозаи мулоқот надоданд. Ҳуҷҷатҳои мазкур дорои муҳри "Комилан махфӣ"-ии Туркия буданд.

Ба гуфтаи Токтакунова дар санадҳо зикр шуда буд, ки моли дохили ҳавопаймои суқуткарда ба Алмосбек Отамбоев ва ҳамсараш тааллуқ дорад. Миёни молҳо дастгоҳҳои электронӣ, фулузот ва сангҳои қимматбаҳо мавҷуд буд.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, ин ҳуҷҷатҳо танҳо дар ихтиёри комиссияи муваққатии вакилон гузошта мешавад.

13 феврал Текебоев хабар дод, ки дар бораи дороиҳои президент Алмосбек Отамбоев дар офшорҳои Кипр маълумот пайдо кардааст. Ба гуфтаи сиёсатмадор, дар фурсатҳои наздик вай иттилои мукаммалро дар ин бора расонаӣ мекунад. Худи ҳамон рӯз Алмосбек Отамбоев ба Додситонии кулли кишвараш дастур дод, ки изҳороти Текебоевро дар мавриди пайдо кардани дороиҳо таҳқиқ кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG