Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майли Маскав барои ҳамкорӣ бо Паймони Атлантикаи Шимолӣ


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Сергей Лавров – вазири умури хориҷии Русия – гуфт, ки беназмии баъд аз ҷанги сард ба поён мерасад, “аммо фикри он дар зеҳни иддае аз раҳбарони ғарбӣ то ҳанӯз вуҷуд дорад”. Оқои Лавров дар ин бора рӯзи 18 феврал дар изҳороти кӯтоҳе дар ҳамоиши амниятии Мюнхени Олмон изҳори назар кард. Вай дар ин сӯҳбаташ иттиҳоми Кремлинро такрор кард, ки тавсеаи созмони НАТО – Паймони Атлантикаи Шимолӣ – дар Аврупо таниш эҷод кардааст. Аммо вазири умури хориҷии Русия хостори азсаргирии ҳамкорӣ миёни ин кишвар ва НАТО шуда, гуфт, “нишасти бидуни он беҳуда аст”. Сергей Лавров дар идома гуфт, Русия мехоҳад, бо Амрико ба таври амалӣ равобити наздик дошта бошад. “Ин равобит бояд рӯи эҳтироми мутақобил устувор буда, барои суботи ҷаҳон дарку масъулияти муштарак мавҷуд бошад”, - афзуд ӯ. Вазири умури хориҷии Русия иттиҳомоти Киев ва кишварҳои ғарбиро рад кард, ки гӯё Маскав ҷанг дар шарқи Украинаро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG