Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Кореяи Ҷанубӣ раҳбари Samsung-ро боздошт кард


Кореяи Ҷанубӣ - Ли Ҷи Йон, ноиби раҳбари ширкати Samsung, барои бозпурсӣ дар заминаи фасодкорӣ, ба шӯрои мустақил ҳозир шудааст. Сеул, 13 феврали соли 2017.

Ноиби президенти ширкати Samsung дар Кореяи Ҷанубӣ бо иттиҳоми додани ришва ва дуздии 36 миллион доллар боздошт шудааст. Дар ин бора хабаргузории Yonhap рӯзи 17 феврал гузориш дод.

Ба фарзияи тафтишот, Ли Ҷи Йон маблағҳои бузургро ба бунёде интиқол медод, ки дугонаи президенти кишвар Пак Кин Хе раҳбараш буд. Гуфта мешавад, ки ин зан ба ӯ дар бастани созишҳои бузург кумак кардааст.

Боздошти Ли Ҷи Йон дар пасманзари ҷанҷолҳои фасодкорӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба вуқуъ пайваст, ки моҳи декабри соли гузашта сабаби "импичмент" ё эълони нобоварӣ ба президент шуд. Дугонаи сарвари давлат, бо истифода аз мавқеи худ, ширкатҳои бузурги Кореяро ба хайр кардани миллионҳо доллар ба хазинаи таҳти назараш маҷбур кардааст. Тафтишот мегӯяд, ки раиси ҷумҳур аз нақшаҳои фасоди дугонааш бохабар буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG